Тафсилоти тағйироти кадрӣ: шарҳи расмии дафтари матбуотии президент

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармону қарорҳо дар идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кадрҳои нав дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъйин шуданд, хабар дод дафтари матбуотии президент.
Ба иттилои манбаъ, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ озод шуда, мақоми муовини сарвазири ҷумҳуриро гирифт.
Каримзода Саъдӣ Ғафор вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистонро соҳиб шуд. Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии ҷумҳурӣ таъйин гардид.
Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд
Ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳошимзода Раъно мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шуҳрат вазифаи раиси ноҳияи Аштро гирифт.
Дар мувофиқа бо президент Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр мудири кулли Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада - "Апрелевка" дар шаҳри Гулистон таъйин шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар ҷамъбасти соли гузаштаю оғози соли ҷадид раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад. Соли равон ин мавсим аз соҳаи кишоварзӣ ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд оғоз шуд.