ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Маоши вазифавии сартабибони беморхонаҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 782 сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Назокат Одиназода, сардори шуъбаи Раёсати буҷаи давлатии Вазорати молияи кишвар.
Одиназода зимни шарҳи болоравии маош аз 1 июли соли равон дар суҳбат бо "Ховар" гуфт, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб кардани музди кормандони соҳа ба 366 сомонӣ баробар мешавад.
Ӯ тавзеҳ додаст, ки маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1782 сомонӣ баробар мешавад. Сартабибон дар дармонгоҳҳо 2174 сомонӣ маош мегиранд.
"Маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 1360 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 1676 сомонӣ баробар мегардад", - илова намудаст масъули Вазорати молия.
Вай бо такя ба дастурамали пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ иттилоъ додаст, ки барои кормандон дар деҳот нисбат ба мутахассисони дар шаҳрҳо музди маоши як дараҷа зиёд муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин маоши кормандони муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ низ дар қиёс ба музди кормандони беморхонаҳо бештар мебошад.
Одиназода таъкид намудааст, ки дар баробари ин пардохтҳо муассисаҳои тиббии кишвар аз рӯи имконияти хидматрасониҳои пулакияшон ба кормандону табибон маоши иловагӣ медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1-уми июли соли равон музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда мешавад.
Маоши ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ 50 фоиз зиёд шуда, аз 400 сомонии феълӣ то ба 600 сомонӣ расонда мешавад.