Сабаби марги шаш тоҷикистонӣ дар Волгоград маълум шуд

Хадамоти изтирории вилояти Волгоград ҷузъиёти марги шаш тоҷикистониро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сабаби марги зодагони Тоҷикистон дар вилояти Волгогради Русия, тибқи маълумоти пешакӣ, заҳролудшавӣ будааст.
Тавре дар хадамоти изтирорӣ рӯшан кардаанд, марг бар асари паст шудани фишори системаи ихроҷи генератори газ дар гармхона рух додааст.
Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Волгоград ба Sputnik Тоҷикистон ин ҳодисаи нохушро тасдиқ кард ва афзуд, ки дар ҷойи ҳодиса алъон мутахассисон кор мекунанд.
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
Қаблан хабар дода шуда буд, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд.

"Шаш шаҳрванди Тоҷикистон шабро дар мошин, дар наздикии деҳаи Рахинка гузарондаанд, ки бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз набудааст. Субҳ ҷасадҳои онҳо ёфт шудааст", - навиштааст "Интерфакс" аз қавли манобеаш.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубинск фаъолият мекарданд.
Шарҳи расмие дар ин бора то ҳол ироа нашудааст. Назари сафорати Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол дастрас нест.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.