ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба коронавирус мубтало шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати ин ҷумҳурӣ.
"Пашинян аз ташхиси коронавирус гузашт, ки натиҷаи он мусбат баромад. Сарвазир, тибқи тартиби муқарраршуда, худинзивоӣ мекунад. Беморӣ бидуни нишона мегузарад", - омадааст дар хабар.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Девони Вазирони Арманистон, сарвазир ҳамакнун ба реҷаи дуркорӣ гузаштааст.
Пештар аз гирифтории президенти Беларус Александр Лукашенко хабар дода шуда буд. Гуфта мешуд, Лукашенко мубталои навъи омикрон шудааст ва ин бемориро сабук паси сар кардааст.
Ӯ ҳангоми беморӣ яхмолакбозӣ карда ва ба омода намудани ҳезум машғул шудааст.