ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ному насаби шаш муҳоҷире, ки бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шуданд, нашр намуд. Ин ниҳод гуфт, тайи ҳодисаи ахир афроди зерин фавтидаанд:
Соломов Идибек Мирзохуҷаевич, соли таваллудаш 4 апрели соли 1992;
Файзиддинов Нуридин Айнидинович, соли таваллудаш 4 марти 1985;
Кабутов Саидакрам Хусниддинович, соли таваллудаш 17 феврали соли 2000;
Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ – соли таваллудаш 7 феврали 2000;
Файзиддинов Қобилҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 13 марти соли 2001;
Файзиддинов Қосимҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 4 июли соли 2002.
Ин ниҳод нагуфт, ки муҳоҷирони заҳролудшуда аз кадом минтақаи Тоҷикистон ҳастанд.
Аз сафорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду нафар аз фавтидагон, Қобилҷон ва Қосимҷон Файзиддиновҳо аъзои як хонавода мебошанд.
Намояндагӣ зикр намудааст, ки бо дарёфт кардани ин хабари нохушоянд бо мақомоти марбутаи Русия дар тамос шуда, дар ҳамбастагӣ бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Волгоград сафарбар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса 26 январи соли 2022 рух додааст. Тибқи тафтишот, ин ҳафт шаҳрванди кишвар барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ ба вилояти Волгоград омада будаанд.
Кумитаи тафтишот пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.