ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 19 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17229 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то санаи зикргардида 16995 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Давоми панҷ рӯзи эълони дубораи хуруҷи дигарбораи коронавирус ба Тоҷикистон 134 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон чизе дақиқ дар даст надоранд, чун ҳоло дар кишвар тестҳои санҷишӣ ва дастгоҳҳо барои дақиқсозии штамми нав ворид нашудааст.
Манбаи мазкур гуфт, беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Таъкид мешавад, аз сабаби он ки сатҳи моякӯбӣ дар кишвар хуб ҷараён дорад, беморон дардро осон пушти сар мекунанд ва ҳоло ниёз ба бистарӣ кардани онҳо дар беморхонаҳо нашудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.