Вуруди Тоҷикистон амнияти ҳалқаи энержии Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод

"Барқи тоҷик" гуфт, пайвастани ҷумҳурӣ ба низоми ягонаи барқи Осиёи Марказӣ эътимоднокии энергетикиро дар минтақа афзоиш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад, имсол ба ҳалқаи энержии Осиёи Марказӣ ворид шавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори дафтари матбуотии ширкати энержии "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт корҳо идома доранд.

"Барои ин корҳо идома доранд. Раванди омодагии техникӣ барои пайвастан каме мушкил аст, аммо дар замони муаяншуда анҷом мешавад. Мо қаблан дар ин ҳалқа будем ва бо хоҳиши худ аз он набарамодаем",- афзуд сухангӯи "Барқи тоҷик".

"Чунон ки шумо мефаҳмед, кори техникӣ баъзан душворӣ дорад, бинобар ин онҳо каме тӯлонитар мешаванд", - гуфт намояндаи ширкат.
Ёдгорӣ афзуд, пайвастани Тоҷикистон ба низоми Осиёи Марказӣ амнияти энержӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар минтақаро афзоиш медиҳад.
Намояндаи "Барқи тоҷик" ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар соли 2009 ба далели чанд маврид аз ҳалқаи энержӣ хориҷ шуд.
Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чӣ гуна ҳалқаи энергетикӣ Осиёи Миёнаро наҷот дод
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба шарофати ҳифзи қавии системаи умумии энергетикӣ тавонистанд аз оқибатҳои вазнини буҳрони энергетикӣ пас аз қатъи барқ дар рӯзи 25-уми декабр эмин монанд.
Ӯ таъкид кард, ин ҳодиса, дурусттараш ҳалли зуди он нишон дод, ки системаи муҳофизати ҳалқаи энергетикӣ "хеле қавӣ аст ва аз ин рӯ дар вазъияти шадид зуд ба кор даромад ва барқ хомӯш шуд".
Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ аз куҷо оғоз шуд
Ба гуфтаи ӯ, агар механизми бехатарӣ ба кор намедаромад, дар фаъолияти нерӯгоҳҳои ин кишварҳо садама ба вуҷуд меомад.
Ёдгорӣ ҳамчунин қайд кард, чунин ҳолатҳоро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст ва он метавонад дар ҳар кишвари дигаре рух диҳад.