Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"

Намояндаи холдинги энержии тоҷик вазъи қатъи барқ ​​дар се кишвари Осиёи Марказиро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қатъи нерӯи барқ ​​дида намешавад. Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба намояндаи ширкати энержии "Барқи тоҷик" хабар дод.

"Дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна садамаи барқ ​​рух надодааст",- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25-уми январ дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқ сартосарӣ қатъ шуд.
Вазорати энержии Ӯзбекистон гуфт, қатъи нерӯи барқ ​​дар ин минтақа бар асари садама дар Қазоқистон рух додааст.
Дар бораи қатъи нерӯи барқ сокинони шаҳрҳои Қазоқистон, аз қабили Алмаато, Талдиқӯрғон, Чимкент, Тарас, вилояти Туркистон ва навоҳии наздик ба расонаҳо хабар додаанд.
Сабаби қатъи густурдаи барқ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд
Дар Ӯзбекистон, дар Тошканд, инчунин дар вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё барқрасонӣ қатъ гардид.
Дар Қирғизистон қатъи барқ ​​дар Бишкек, Ӯш ва дигар шаҳрҳо сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ҷудошавии изтирории дар хатти интиқоли барқи Шимол - Шарқ - Ҷануби Қазоқистон рух додааст. Ҳаҷми маҳдудиятҳо тақрибан 1500 МВт гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, барқи ин се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бо ҳам мепайвандад.
Лоиҳа ҳанӯз дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд ва ҳамгироии ин кишварҳо пас аз пошхӯрии ИҶШС ҳам идома дошт.
Тоҷикистон соли 2009 аз ин ҳалқаи энергетикӣ берун шуд. Ҳатто пештар, дар соли 2003 Туркманистон ҳам аз ин лоиҳа берун шуд.