Эълони теъдоди беморони бистаришудаи COVID-19 дар Русия: беш аз 100% дар шабонарӯз

Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус теъдоди беморони бистаришуда ва фавтида аз коронавирус дар Русияро тайи шабонарӯзи охир эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Русия давоми шабонарӯзи охир 12 ҳазору 837 нафар бемори COVID-19 бистарӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо шабонарӯзи қаблӣ 115% зиёд мебошад, хабар дод Ситоди фаврӣ.
Ба иттилои манбаъ, бистарӣ кардани беморон дар 79 минтақаи Русия сурат гирифтааст, ки нишондоди он дар 48 минтақа нисбатан баланд мебошад. Коҳиши хобондани беморон дар муқоиса бо нишондоди миёнаи Русия дар панҷ минтақаи кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид шудааст, ки тайи шабонарӯзи охир 67 ҳазору 809 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт гардида, 681 нафар ҷон додааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамоно ваксинагирӣ муътамадтарин роҳи ҷилавгирӣ аз коронавирус мебошад. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия ахиран гуфт, сатҳи ваксинагирӣ дар кишвар то ба 70 дарсад расидааст.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Русия, ҳиссаи беморони вазнини гирифтори COVID-19 миёни ваксинагирифтаҳо ҳамагӣ 0,03 дарсадро ташкил медиҳад ва аксари беморони бистаришуда дар беморхонаҳо онҳое мебошанд, ки моякӯбӣ нашудаанд.
Татяна Голикова, ноиби сарвазири Русия таъкид намуд, ки барои муборизаи самарабахш бо коронавирус масунияти ҷамъӣ дар сатҳи 90-95% зарур аст, аммо феълан мақомот барои расидан ба 80% талош доранд.