ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ташкили корхонаи муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, Александр Сорокин, сардори бюрои фуруши ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" дар суҳбат бо Шарифзода таъкид дошт, ки ҳадафи сафарашон роҳандозии ҳамкорӣ мебошад.
Шарифзода аз бародаршаҳрии Хуҷанд ва Могилёв зикр намуда, афзуд, ки ҳамкориҳо ба сатҳи нав баромадаанд.
Раиси Хуҷанд омодагии шаҳрдориро барои ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифт баён дошт. Ба гуфтаи Шарифзода, ин иқдом имкон медиҳад, ки сокинони хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо бо лифт таъмин шаванду тавонанд барои қонеъ намудани талаботи навоҳии дигар саъй намоянд.
Сорокин, масъули "Могилевлифтмаш" изҳор доштаст, ки ширкат омодааст, ҳар гуна шакли ҳамкориро қабул намояд.
Созиш шудааст, ки ҷонибҳо дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо фаъолиятро оғоз намоянд.
Зикр шудааст, ки "Могилевлифтмаш" зиёда аз 180 модели лифтҳоро истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорияшон аз 100 то 6 ҳазору 300 кило мебошад.