ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон гузориш медиҳад.
Вуқуи ин заминларза субҳи барвақти 25 январ, соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.
Ба иттилои манбаъ, он бо шиддати 3,9 балл дар умқи тақрибан 20 километр рух додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, заминларза дар самти шимолу ғарбии ҷумҳурӣ ба сабт расидааст.
Координатаҳои он 38,91 дараҷаи арзи шимолӣ ва 70,12 дараҷаи тӯли шарқӣ мебошад.
Коршиносони ӯзбек қайд мекунанд, ки маркази заминларза дар масофаи 273 километр дар самти ҷанубу шарқи Тошканд воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисороти расида аз ин зилзила иттилоъ надодааст.
Қобили зикр аст, ки ин гуна заминларза дар кишвар дар рӯзи истироҳатӣ – 22 январ низ рух додааст.
Он дар шимоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии деҳаи Сафедорон иттифоқ уфтодааст.
Қаблан гуфта мешуд, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд.