ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар давоми ду ҳафта шумораи гирифторони коронавирус дар Маскав панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо COVID-19-и вобаста ба ҳукумати Маскав мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.
"Мо пешрафти арифметикии афзоиши ҳарҳафтаинаи гирифторӣ ба коронавирусро мебинем. Дар ду ҳафта ин афзоиш панҷ баробарро ташкил дод ва дар як ҳафта шумори онҳо ба 100 000 нафар расид. Ин, албатта, рақами калон аст", - таъкид намуд ӯ.
Ба гуфтаи шаҳрдор, афзоиши гирифторӣ ба вирус боз ду ҳафтаи дигар идома мекунад.
"Албатта, бо назардошти таҷрибае, ки мо мушоҳида мекунем, он чизе ки дар саросари ҷаҳон рух медиҳад, пас, ҳадди аққал ду ҳафтаи дигар афзоиши бемориҳо идома хоҳад ёфт".
Дар ҳамин ҳол мири шаҳри Маскав аз он изҳори нигаронӣ кард, ки феълан шумори маризон ниҳоят зиёд аст ва бо илова шудани теъдоди бештари беморон дар ду ҳафта ба бахши сиҳҳат сарбории бузурге ба вуҷуд меояд.
Танҳо дар шаҳри Маскав 19 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вируси COVID-19 сабт шуд. Собянин иллати вахим шудани вазъро ба штамми делта ва омикрон рабт дод.
Дар Тоҷикистон низ ҳамарӯза ҳолатҳои нави гирифторӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 31 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17211 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.