ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Рамазан Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, Амрико аз Украина барои ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар қаламрави худ истифода мекунад ва агар ӯ ба ҷои Владимир Путин раисҷумҳури Русия мебуд, кайҳо Украинаро ишғол карда буд.
"Наздиктарин ҳамсоя барои Русия Украина аст. Он ҷо славянҳо зиндагӣ мекунанд. Амрико барои Украина ҳеҷ кори хубе намекунад... ба онҳо давлат лозим аст, ки пойгоҳи худро дар он ҷо ҷойгир кунад. Агар ба ҷойи президент мебудам, кайҳо Украинаро гирифта, ба он ҷо нерӯ фиристода, вазъро ба тартиб меовардам", - афзуд ӯ зимни пахши мустақими муштарак бо раиси парлумони Чеченистон Магомед Довудов дар "Instagram".
Вай аз ҳаводиси ахири Сурия ёдовар шуд ва гуфт, дар сурати боздошт накардани "шайтонҳо" амнияти Русия халалдор мешуд.
"Агар порахӯрони девона дар сари давлат бошанд ва тавассути ин давлат ба амнияти давлати мо таҳдид кунанд, чаро бояд хомӯш бошем?", - бо нигаронӣ изҳор дошт роҳбари Чеченистон.
Ба аъкиди ӯ, агар сари вақт дар Сурия пеши роҳи "шайтонҳо" гирифта намешуд, ҳоло дар давлати ӯ мардумони бегуноҳро қатл мекарданду мутарконданд.
Қодиров дар идома афзуд, ки агар вазъи Украина аз назорат берун монад, пас имкони ба вуқуъ омадани мусибат ба сари Русия ҷой дорад.
"Аз ин рӯ чораҳои пешгирикунанда бояд андешид, то бадбахтиҳо сар назананд", - таъкид кард ӯ.
Ба бовари Қодиров, агар Амрико ё давлати дигаре фикр кунанд, ки Русияро нобуд мекунанд ва ё ба зону мешинонанд, ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нахоҳад буд.