Истихбороти Луганск аз пайдоиши зиреҳпӯшҳои украинӣ дар Донбасс хабар дод

Мақомоти истихборотии Ҷумҳурии Худхондаи Луганск аз таҷаммуи нерӯҳои зиреҳпӯши украинӣ дар наздикии хатти баҳамоӣ бо Донбасс хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Зиреҳпӯшони низомиёни украинӣ дар яке аз шаҳрҳои таҳти назорати Киев дар наздикии хатти баҳамоӣ бо Донбасс ба назар расидаанд, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли масъулини истихбороти Луганск.
"Аз ҷумла дар шаҳри Счасте, ки дар 25-километрии Луганск ҷойгир аст, ду мошини зиреҳпӯш дар наздикии маҳаллаи иқоматӣ ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.
Намояндаи милисаи мардумии Ҷумҳурии Худхондаи Луганск афзуд, ки масъулини мудофиа пайваста ҳаракати нерӯҳою техникаи украиниро таҳти назорат доранд ва дар сурати дастури фармондеҳӣ омодаанд, фавран вокуниш нишон диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск вақтҳои охир аз таҷаммуи зиёди нерӯ ва техникаи украинӣ дар наздикии Донбасс хабар медиҳанд. Мақомоти Украина мегӯянд, ҳеч нияти истифода аз зӯр дар Донбассро надорад, ҳадафашон танҳо таҳкими имконоти дифоӣ мебошад.
Ахиран Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия хост, ҳама аз Киев даъват кунанд, ки нияти ҳалли мушкили Донбасс бо истифодаи зӯровариро дар сар напарварад. Аз ҷумла аз НАТО даъват шуд, то аз Киев дархост намоянд, ки шеваи зӯриро дар ҳалли мухолифати Донбасс кор набарад.
"То дузах ях набандад": дабири пешини НАТО дар бораи вақти пайвастани Украина ба эътилоф
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо мақомдорони ИМА бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздики 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.