ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҷо Байден таваррумро, ки дар ИМА ба ҳафт дарсади рекордӣ расид, дороии бузург мешуморад, менависад "The Wall Street Journal".
Рӯзноманигори "Fox News", Питер Дусӣ дар брифинги пеш аз ҷаласаи Шӯрои рақобат аз раҳбари Амрико пурсид, ки "оё болоравии нархҳоро "бори сиёсӣ" дар пешорӯи интихоботи миёндавраӣ медонад ё на?".
"Ин дороии бузург аст! Бештар таваррум!". Байден ҷавоб дод ва баъд аз он корманди расонаро "писари аблаҳ" номид.
Таваррум дар ИМА дар давоми 40 соли охир ба ҳадди рекордӣ расид: дар моҳи июни соли 1982 он 7,2 фоиз буд.
Дар мамлакат нархи молу мулк, нақлиёти шахсӣ ва хӯрокворӣ баланд шуд. Дар пасманзари эҳёи иқтисод пас аз пандемияи коронавирус, воридоти маблағҳо аз ҷониби Конгресс, ниҳоди марбути захираи федералӣ ва халалдоршавӣ дар занҷири таъминоти истеҳсолӣ суръат гирифт.
Сарвари оҷонсӣ Ҷером Пауэлл моҳи ноябр иқрор шуд, вақти он расидааст, ки таваррумро муваққатӣ номанд.
Бонки марказии Амрико дар моҳи март ба як давраи афзоиши мунтазами фоизҳо шуруъ мекунад. Вазифаи ниҳоди марбут ба захираи федералӣ аз баланд бардоштани фоизҳо иборат хоҳад буд, аммо бояд нагузорад, ки таназзул ва бекорӣ афзоиш ёбад.
Ба навиштаи расонаҳо, худи Байден бо паёмадҳои сиёсии таваррум аз ҷониби интихобкунандагоне рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки ӯ ва Ҳизби демократиро дар болоравии нархҳо муттаҳам мекунанд. Интихоботи миёндавраии ИМА моҳи ноябр баргузор мешавад.