Воридоти боҷи гумрукӣ ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 800 миллион сомонӣ бештар шуд

Мақомоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соли 2021 нисбат ба соли гузашта ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби боҷи гумрукӣ 843,3 миллион сомонӣ бештар маблағ ворид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 хабар дод.
Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли гузашта ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз зиёд мебошад.
Подгузов: Энержӣ ва об манбаи аслии рушди иқтисод аст
Манбаъ ҳамчунон қайд кардааст, ки воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар иртибот ба зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 20 январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳори сипос кардааст.