ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия ҷонибдории Маскавро аз моякӯбии 70 дарсади аҳолии сайёра алайҳи коронавирусро баён дошт.
Муракшко ин нуктаро зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мавзуи стратегияи глобалии ваксиназанӣ алайҳи коронавирус таъкид намуд. Бар асоси ин стратегия, зарур аст, ки то нимаи соли равон теъдоди ваксинагирифтаҳо дар дунё ба 70 дарсад расонда шавад.
"Дар Русия фарогирии аҳолӣ бо ваксина алайҳи коронавирус аллакай ба ин нишондиҳандаҳо расид", - афзуд Мурашко.
Ваксинагирӣ ҳамоно муътамадтарин роҳи ҷилавгирӣ аз коронавирус гуфта мешавад. Ба гуфтаи вазири тандурустии Русия, ҳиссаи беморони вазнини гирифтори COVID-19 миёни ваксинагирифтаҳо ҳамагӣ 0,03 дарсадро ташкил медиҳад ва аксари беморони бистаришуда дар беморхонаҳо онҳое мебошанд, ки моякӯбӣ нашудаанд.
Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова охири ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки ба таври комил ваксинаро дар ин кишвар беш аз 78 миллион нафар гирифтаанд.
Миёни минтақаҳо песаф Севастопол (90,5%), Санкт-Петербург (84,6%), Карелия (83,0%) ва Чукотка (80,6%) мебошанд. Инчунин дар вилояти Мурманск 79,1%, вилояти Липетск 78,6%, ҷумҳурии Тива 78,3%, Пенза 77,8%, Орлов 76,5%, Калининград 75,5% ва вилояти Маскав 75,8%-и аҳолӣ ваксина гирифтаанд.
Голикова таъкид намуд, ки барои муборизаи самарабахш бо коронавирус масунияти ҷамъӣ дар сатҳи 90-95% зарур аст, аммо феълан мақомот барои расидан ба 80% талош доранд.