Толибон: Исмоилхон бо рафтан аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд

Муовини сухангӯи толибон мегӯяд, бо фармондеҳи муҷоҳидини собиқ беш аз ҳадди интизор рафтори нек сурат гирифт, аммо ӯ бо хуруҷ аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Аҳмадуллоҳ Восиқ, муовини сухангӯи толибон бо нашри видеои аввалин дидораш бо Исмоилхон баъд аз тассаруфи Ҳирот ба дасти толибон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст: “Амри Исмоилхон бо хуруҷ аз Афғонистон иштибоҳи бузург кард”.
Вай гуфт, новобста аз мавзеъгириҳои Исмоилхон дар баробари толибон раҳбари иморати исломӣ боз ҳам нияти суъ ба ӯро надошт.
Оқои Восиқ навиштааст, "толибон ин иқдомро ба хотири таъмини бақои низоми исломӣ дар Афғонистон ва таъмини сулҳи миллӣ дар ин кишвар анҷом доданд."
Бояд гуфт, бо суқути вилояти Ҳирот ба дасти толибон Амир Исмоилхон ба асорати ин гурӯҳ афтод ва пас аз муддате ба Эрон рафт, ки то ҳол дар он кишвар ба сар мебарад.
Амир Исмоилхон ҳоло узви муқовимати миллӣ аст ва ҳафтаи гузашта бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷӣ дар Теҳрон гуфтугӯ кардааст.