Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дар шифохонаи Хуҷанд чанд нафар аз коронавирус табобат мегирад - омори расмӣ

Масъулони идораи тандурустии вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳоло чанд сокини ин вилоят барои табобати коронавирус дар шифохона қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шумори табобатгириандагон аз коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷандро расонаӣ кард.
Бино ба иттилои ӯ, ҳоло дар ин шифохона чаҳор нафар бо нишонаҳои бемории коронавирус табобат мегиранд.
"Инҳо ду сокини шаҳри Хуҷанд ва ду тани дигар, сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич мебошанд” , - гуфт Муҳиддинов.
Сардори идораи тандурустӣ вазъи беҳдоштӣ дар Суғдро муътадил арзёбӣ кард ва афзуд, ба ҷуз шифохонаи Хуҷанд дигар шифохонаҳо бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
"Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд ҳамчун макони эҳтиётӣ барои табобати беморони коронавирус дар реҷаи карантин қарор дорад”, - афзуд ӯ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ин шифохона 100 ҷой барои табобати беморони коронавирус омода шудааст.
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус зиёд шуд: омори нав
Дар гузашта ҳукумати Суғд дар се шифохона дар шаҳру навоҳии Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои табобати беморони коронавирус 1300 ҷой дуруст намуда, шуъбаҳое ҳам дар назди беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо ба реҷаи қарантинӣ гузашта буданд.
Вазорати тандурустии кишвар омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи ахирро нашр намуд. Бино ба иттилои нашршуда, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 26 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи гузориши вазорат аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17 180 гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 971 нафар шифо ёфта, 124 нафар ҷон додааст.