ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Макон ва шароити баргузории бозиҳои футбол миёни тимҳои Лигаи олӣ аз дастаҳои якум ва дуюм ба куллӣ фарқ мекунад ва чунин стандартҳо аз сӯйи Федератсияи Футбол ё ФИФА пайваста назорат мешавад.
Барои мисол, мавҷуд будани ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ барои футболбозони дастаҳои меҳмон ва мизбон, барои доварон, шустушӯй (душ), инчунин ҷойи нишаст дар майдон барои на кам аз панҷ ҳазор мухлиси футбол аз стандартҳоест, ки аз сӯйи нозирони ФИФА назорат ва барои мутобиқсозии он дастур дода мешавад.
Дар акси ҳол масъулин барои баргузории футболи бузург дар чунин шароит иҷоза намедиҳанд.
Хурсандмурод Ҷумаев, директори клуби футболи “Равшан”-и Зафаробод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи вазъи хароби варзишгоҳи марказии ноҳия хабар дод.
Ӯ гуфт, қарор аст, баъд аз ду моҳи дигар даври аввали футболи Лигаи олии кишвар шуруъ шавад, вале аз ҷониби ҳукумати ноҳия ҳанӯз барои таъмири варзишгоҳ коре оғоз нашудааст.
“Умедворем, бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят ва ҳукумати ноҳияи Зафаробод варзишгоҳи марказии ноҳия таъмир ва ба стандартҳои футболи бузург мутобиқ гардонида мешавад”, - гуфт Ҷумъаев.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод соли 1975 бунёд шуда, то кунун таъмир ё бозсозӣ нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар поёни соли 2021 дастаи “Равшан”-и ин ноҳия баъди пирӯзӣ дар лигаи дуюми кишвар барои нахустин бор ба сафи дастаҳои олии футболи кишвар роҳ ёфт.
Аксари коршиносони умури футбол роҳёбии “Равшан” ба сафи дастаҳои бартарро як муваффақияти назаррас арзёбӣ мекунанд. Ҳоло ба ҳисоби дастаҳои “Хуҷанд”, “Истаравшан”, “Эсхата” “Равшан” чаҳорумин тими футбол аз вилояти Суғд гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ миёни даҳ тим барои дарёфти унвони қаҳрамонии футболи кишвар сабқат хоҳад кард.
Ҳоло мавсими тамрин барои дастаҳои Лигаи бартари футболи кишвар оғоз шудааст, вале то кунун таъмир нашудани варзишгоҳии марказии ноҳияи Зафаробод бозигарон ва мухлисони дастаи “Равшан”-и ин ноҳияро нигарон намудааст, ки бозиҳои хонагии худро дар чӣ шароит ва дар куҷо баргузор менамоянд.
Бояд гуфт, ахиран бозигарони дастаи “Истиқлол” дар як мусоҳиба қайд карданд, ки тамоми майдони футболи Тоҷикистон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест.
Ба гуфтаи футболбозони дастаи “Истиқлол”, дар тамоми ҷумҳури ҳатто як майдони хуби варзишӣ барои бозии футбол вуҷуд надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ба гуфтаи онҳо, дар кишварҳои ҳамсоя, ки иқлимашон ба Тоҷикистон шабоҳат дорад, то 40 майдони хуби варзишӣ мавҷуд аст.