ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ба Ҷонибек Муродов, ҳунарманди хушноми тоҷик ва писари Ҳунарманди мардумӣ Ҷӯрабек Муродов, дипломи "Сарояндаи соли 2021" тақдим шуд.
Қаблан ҳафтаномаи "Тоҷикистон" эълон карда буд, ки дар радабандии "Чеҳраҳои соли 2021", дар бахши "Сарояндаи сол" Ҷонибек Муродов аввалӣ шуд ва тибқи овоздиҳии мардум, маҳз ӯ лоиқи унвони сарояндаи сол гардид.
Зимнан манбаъ меафзояд, зимни қабул кардани диплом Ҷонибек ба кулли ҳаводорону мухлисони худ изҳори миннатдорӣ баён намуда афзуд, ки боварии онҳоро қадр мекунад ва минбаъд низ содиқона ва софдилона ба онҳо хидмат мерасонад.
"Ин мукофот барои ман хеле ва хеле арзиши баланд дорад, зеро он эътироф ва эҳтироми мухлисонам аст", - таъкид намудааст овозхони тоҷик.
Гуфта мешавад, ба ҷонибдорӣ аз Ҷонибек 3453 нафар раъй додааст.
Ҷонибек Муродов 29 майи соли 1986 дар шаҳри Ленинобод (алъон Хуҷанд) дар хонаводаи Ҳунарманди мардумӣ Ҷӯрабек Муродов ба дунё омадааст.
Солҳои 2006-2007 Ҷонибек дар гурӯҳи созию овозии "Вазир" ҳунарнамоӣ мекард.
Аз соли 2007 дар саҳна ҷой ва мавқеи хоси худро касб кардааст.