Вазорат гуфт, коронавирус ба Тоҷикистон аз куҷо омад. Оё омикрон буд?

Гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон бемориро сабук пушти сар мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус ин бемориро сабук пушти сар мекунанд ва дар шароити хона табобат мегиранд.
Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат аст.

"Аз сабаби он ки бештари аҳолии кишвар ваксина гирифтаанд, беморӣ сабук мегузарад. Ваксинашудаҳо низ дар миёни гирифторон ҳастанд",- афзуд манбаъ.

Номбурда дар мавриди вуҷуди навъи нави коронавирус, омкирон дар кишвар гуфт, ҳоло онро муайян карда наметавонанд.
Ба гуфтаи ин масъули вазорат, дар кишвар тест ва дастгоҳи муаянкунандаи омикрон вуҷуд надорад.
"Ҳоло корҳо дар самти ворид кардани тест ва таҷҳизоти муайянсозии омикрон идома дорад. Он ба наздикӣ ворид карда мешавад",- афзуд манбаъ.

Мавҷи нави коронавирус аз куҷо омад?

Пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, коронавирус ба Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шуд.
Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?
"Дар пайи вуруд аз хориҷ ҳолатҳои дар дохил сироятшавӣ низ қайд шудааст",- афзуд манбаъ.
Мавсуф таъкид кард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ чораҳои беҳдоштӣ ва назоратӣ дар зимни вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар гирифтори COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар шифо ёфтаанд.

Омори ваксинашудаҳо

Оқои Ҷаъфаров гуфт, раванди ваксиназанӣ дар кишвар дар ҳолити хуб қарор дорад ва то кунун 75,5%-и аҳолӣ моякӯбӣ шудаанд.
Ҳамчунин 64,3%-и дигар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Вояи сеюми ваксинаро, ки танҳо дар Душанбе роҳандозӣ шудааст, 4,4 ҳазор нафар гирифтаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон бастаи бузурги ваксинаи амрикоӣ алайҳи коронавирусро гирифт
Гирифтани вояи савуми ваксина аз табибон оғоз шуда, пас аз он омӯзгорон, кормандони идораҳои давлатӣ, солмандон ва нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, моякӯбӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон бар зидди коронавирус сокинон бо ваксинаҳои "Sputnik V," "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.