Интиқоли 70 техникаи нав ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомӣ берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон то охири соли 2022 беш аз 70 техникаи низомӣ дарёфт хоҳанд кард.
Дар ин бора ахиран ба рӯзноманигорон фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия генерал-полковник Александр Лапин хабар додааст.
"Пойгоҳҳои низомии Русия, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд, имсол бо беш аз 70 техникаи нави низомӣ таъмин хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.
Ёдрас менамоем, қаблан генерал-полковник Александр Лапин гуфта буд, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2022 бо беш аз беш аз 1300 силоҳу техникаи нав таъмин хоҳад шуд.
Ҳавзаи низомии марказии Русия 1300 адад техникаи ҳарбии нав мегирад
Ба иттилои ин фармондеҳ, барои таҳкими тавоноии нерӯҳои ҳавоии ҳавза 17 ҳавопаймою чархболи низомӣ дастрас хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин аз таъмини таҷҳизоти муосир барои полкҳои радиотехникӣ дар Поволже ва Сибир хабар дод. Лапин гуфт, ба ин воҳидҳо истгоҳҳои радиолокатсионии "Каста 2-2", "Подлет-М", "Оборона" ирсол мешавад.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи дигари ин кишвар дар Қирғизистон низ ба Ҳавзаи марказии низомӣ дохиланд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.