Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ баъд аз сангборони "КамАЗ"

Мулоқоти намояндаҳои расмӣ дар марзи миёни Исфара бо ноҳияи Бодканд сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар бораи барпо шудани гуфтушуниди марзӣ Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, мулоқот 23 январ таҳти роҳбарии Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ва Учқунбек Ҷоробоев, ҳокими ноҳияи Бодканд баргузор гардида, дар кори он рухдоди муноқиша ва баҳсҳои ахири марзӣ ба баррасӣ гузошта шуд.
"Яке аз масъалаҳое, ки 23 январ дар гуфтушуниди ҷонибҳо дар миён гузошта шуд, ин сангборон шудани мошини "КамАЗ"-и сокини ҷамоати Чоркӯҳ буд, ки аз сӯйи як гурӯҳ қирғизҳо дар ҳудуди маҳаллаи Оқсой рух дод. Ҷонибҳо масъалаи пардохти ҷуброни зарарро матраҳ намуданд", - гуфт Шомадов.
Баҳси марзӣ: қирғизҳо “КамАЗ”-и сокини Исфараро сангборону ронандаро латукӯб кардаанд
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои ҳифзи суботи ҷамъиятиву сиёсӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ, ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ, ҷилавгирӣ аз корҳои сохтмонии ғайриқонунӣ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзии ду кишвар ибрози андеша намудаанд.
Рӯзи 20 январ дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд як муноқиша сар зад.
Насруллобек Асламов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ вақте савори “КамАЗ” аз Ворух ба Чоркӯҳ ҳаракат мекард, дар ҳудуди маҳаллаи Оқсой як гурӯҳ қирғизҳо пеши роҳаш баромада, мошинашро сангборон ва худи ӯро латукӯб намудаанд. Дар пайи ин ҳодиса шишаҳо ва чароғи равшанидиҳандаи мошини сокини ҷамоати Чоркӯҳ шикаставу пора шудаанд.
Рухдоди ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби миномёт то сангзанӣ
"Асламов Насруллобек Султонбекович, сокини ҷамоати Чоркӯҳ бо мошини худ ба Ворух озуқаворӣ мекашонд, вале дар роҳ як гурӯҳ қирғизҳо монеи ҳаракати “КамАЗ” гардида, ба сангпартоӣ машғул шуда, ба ронанда низ ҳамла кардаанд. Хушбахтона, ба Асламов осеби ҷиддӣ нарасидааст", - иброз намуд Шомадов.
Зимнан ин муноқишаи аввалин дар соли 2022 гуфта мешавад. Соли қаблӣ борҳо дар марзи миёни Исфара ва Бодканд баҳсу муноқишаҳои марзӣ рух дода буданд.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Зубайдулло Шомадов, рӯзи 24 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи марз бо Қирғизистонро ором арзёбӣ намуд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.