ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Масъулини “Амонтабонк” ахиран дар гуфтугӯ бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ қайд карданд, сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000 130 баробар афзоиш ёфт.
“Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла соли 2021 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст”, - таъкид доштаанд масъулини бонки давлатӣ.
Ба гуфтаи онҳо, дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 адад расидааст.
Кормандони масъули “Амонатбонк” тӯли як ҳафта ба манзури тарғиби фаъолияти соҳаи бонкдорӣ дар 75 филиали “Амонатбонк” бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯриҳо кормандони масъули “Амонатбонк” ба намояндагони гуногуни ҷомеа самтҳои асосии паёми Эмомалӣ Раҳмонро ба парлумони кишвар тавзеҳ додаанд.
Ҳамзамон дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба хидматрасониҳои бонкӣ, бахусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунанд, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хидматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии танбашавии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хидматрасонӣ, банкоматҳои “Амонатбонк” ва дар маҷмуъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.