Афви мансабдори КДАМ, ки барои убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон "доля" мегирифт

Як корманди Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иттиҳоми истифода аз мақоми хизматияш боздошт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон Ҳ.Ҳ.С, ки дар вазифаи назоратчии басти дуюми шуъбаи назорати гузаргоҳи сарҳадии "Дустӣ"-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Турсунзодаро дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҳ.Ҳ.С шахси мансабдор маҳсуб ёфта, дар давраи фаъолияташ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар чунин ҳолатҳо ҷиноят содир намуд.
Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, пул мегирифт.
Манбаъ мегӯяд, ӯ ин корро шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Ҷ.М.К. аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда гирифтааст.
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ҲҲ.С. дар ҷои кораш бинои гузаргоҳи сарҳадии “Дустӣ”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Турсунзода зимни гирифтани маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳ.Ҳ.С. бо моддаи 319 қисми 1 ва Ҷураев М.К. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в”, 36 қисми 5-319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" дар пешбурд қатъ карда шуд.