Раҳпаймоии мардони Кобул барои ҳимоят аз ҳиҷобпӯшии занон - видео

Баъд аз норозигӣ ва тазоҳуроти занон дар Афғонистон аз пӯшидани чодар шуморе аз мардони сокинони шаҳри Кобул барои ҳимоят аз ҳиҷоби исломӣ дар пойтахти Афғонистон даст ба раҳпаймоӣ заданд
Sputnik
Эътирозгарон, ки зери чашми нерӯҳои толибон буданд, бо шиорҳои "Мо аз пӯшиши ҳиҷоби исломӣ пуштибонӣ мекунем!", "Мо қавонини ғарбиро намехоҳем"", "Рӯйпӯш шарафи зани мусалмон аст!" ва "Зинда бод иморати исломӣ!" ба кӯчаҳо рехтанд.
Бояд қайд кард, ки сарпарасти ин раҳпаймоӣ нерӯҳои толибон буданд, дар ҳоле ки тазоҳуроти ахири занони муътариз ба хушунат табдил ёфт ва теъдоде аз онон аз сӯйи толибон боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Кобул теъдоде аз занон барои напӯшидани чодар тазоҳурот карда буданд, ки толибҳо тазоҳуротро бо зӯрӣ пароканда карданд. Чандин зан боздошт шуд ва аз тақдири онҳо то ҳол хабаре нест.
Эзоҳ: Ин видео ба ҳадафи иттилоотӣ нашр шудааст. Ин тасовир нишондиҳандаи алоиқи ҷунбиши толибон нест. Алоиқи ин ҷунбишро ҳимоят ва дунбол намекунем.