Ҳушдори Созмони Байналмилалии Кор аз афзоиши бекорӣ дар Афғонистон гуфт

Созмони Байналмиллалии Кор дар бораи афзоиши бекорӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии кор ахиран эълом кард, ки беш аз 50 дарсади мардуми Афғонистон аз замони ба қудрат расидани толибҳо дар ин кишвар маҷбур ба тарки маҳалли худ шудаанд, иттилоъ додааст ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, Созмони Миллали Муттаҳид низ бо интишори баёнияе бар пояи ҳушдорҳои Созмони Байналмиллалии Кор эълом кард, аз августи соли гузашта бо иқтисоди фалаҷшудаи Афғонистон бисёре аз машоғил аз даст рафта ва сооти корӣ низ коҳиш ёфтааст.
Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки занони афғонистонӣ дар ин замина осебҳои ҷиддӣ диданду машоғили худро аз даст додаанд.
Ромини Беҳзод, ҳамоҳангкунандаи аршади Созмони Байналмиллалии Кор гуфтааст, ки дар шароити буҳронӣ Афғонистон ба пуштибонии фаврӣ ва изтирорӣ барои суботу беҳбудӣ ниёзманд аст.
Вокуниши толибон ба маълумоти СММ: Дар Афғонистон ҳоло касе аз гуруснагӣ намурдааст
Дар ин шароит қимати колову маводи ғизоӣ дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Кобул афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Мулло Муҳаммадҳасан Охунд, раиси давлати толибон дар Афғонистон ахиран дар тамоми бадбахтиҳои мардум Амрикоро гунаҳгор кард ва гуфт: “Масдуд шудани дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико иллати аслии буҳрони иқтисодӣ Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, дар Амрико ҳудуди 10 миллиард доллар дороии Афғонистон масдуд шудааст.