Эрон: Мушкилоти содирот ба Афғонистон дар ҳоли ҳал шудан аст

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба пешбинии афзоиши панҷмиллиондолларии содирот дар соли оянда гуфт, ки дар ҳавзаи содироти Афғонистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ будаанд, вале дар замони ҳозир ин мушкилот дар ҳоли ҳал шудан аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Алиризои Паймонпок, раиси Созмони тавсеаи тиҷории Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба пешбинии афзоиши панҷмиллиондолларии содирот дар соли оянда гуфт, “то охири сол содироти мо ба беш аз 45 миллиард доллар хоҳад расид”, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Tasnim".

“Ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки Эрон дар бахши содироти Афғонистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастем, аммо дар ҳоли ҳозир ин мушкилот ҳал мешаванд ва кор бо ин кишвар маъмулӣ мешавад”, - гуфт оқои Паймонпок.

Ёдрас менамоем, пештар намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон эълом карда буд, ки иҷозаи интиқоли маводи сӯхт (нефт ва газ) ба Афғонистон аз қаламрави Эрон барои се моҳ содир шудааст.
Кумаки Эрон ба 500 хонаводаи ниёзманди Афғонистон барои зимистонгузаронӣ
Козимии Қумӣ дар "Твиттер" навишт: “Барои таъмини ниёзҳои мардуми Афғонистон дар фасли зимистон ва ба дархости мақомоти ин кишвар аз Эрон муҷҷавизи транзити газу сӯзишворӣ ба кишвари Афғонистон аз қаламрави Эрон ба муддати се моҳ содир шуд”.
Бояд қайд кард, ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибон Эрон барои кумак ба ин кишвар талошҳо дорад. Эрон дар қаламрави худ ҳазорҳо паноҳҷӯёни афғонистониро ҷой кардааст ва чандин бор ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона равон кард.
Ҳамчунин ахиран сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон ба Эрон барои музокира ва баррасии ҳамкориҳо сафар карда буд.