Афзоиши ҳаҷм ва теъдоди стипендияҳои раиси шаҳри Истаравшан

Бо қарори раиси шаҳри Истаравшан ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат афзоиш дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан, аз 14 январи соли 2022 ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат ба 1000 (ҳазор) сомонӣ расонида шуда, теъдоди стипендия аз 50 ба 65 адад расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки тибқи низомнома, 15 стипендияи нав ба хонандагони Литсейи касбӣ-техникии шаҳр (5 адад), Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ (5 адад) ва Коллеҷи тиббии шаҳр (5 адад) пешбинӣ шудааст.
Бо фармони президент маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад
Манбаъ таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар ҳудуди кишвар эътибори бештар зоҳир дода мешавад.
“Иқтидору имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад”, - қайд кард манбаъ.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли хониши 2021 шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 20 нафар ба 50 нафар расонида шуда, маблағи солонаи гирандагони стипендия ба 900 сомонӣ, дар умум 45 000 сомонӣ барои 50 нафар муқаррар гардида буд.