Толибҳо дар Бадахшон онҳоеро, ки ба масҷид намераванд, ҷарима мекунанд

Ҳаҷми ҷарима барои адо накардани намоз дар масҷид панҷ доллар муқарар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Толибон дар Бадахшон сокинонро барои ҳозир нашудан ба масҷид барои намоз панҷ доллар ҷарима мекунанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ бо истинод ба "8am.af" хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, бо ин роҳ толибҳо дар масҷиди Дашти Сулаймони ноҳияи Ёвон 73 сокинро ҷарима бастаанд.
Ҳамакнун ҳар касе, ки дастури хондани панҷ вақт намозро ба таври дастаҷамъӣ иҷро намекунад, ба буҷаи маҳаллӣ 500 афғонӣ ё 10 дарсади маоши якмоҳаи ходими сатҳи поини давлатиро пур мекунад.
Дар минтақаҳои дигар, ки ба нақзи ин мамнуият вокуниш карданӣ мешаванд, то ҳол бо "суҳбати тарбиявӣ" рӯ ба рӯ шудаанд.
Толибон ба кормандони маҳаллии Урузгон: Доштани салла ва риш ҳатмӣ аст
Пештар хабар дода шуд, ки толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд
Ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух дод. Ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.
Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.
Тарошидани риш дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳаром эълом шуд
Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.
Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.