ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таъйид кардааст, ки размандагонашон дар муқобилият бо толибон ҳалок шудаанд.
Ӯ дар дар сафҳааш дар Twitter навиштааст, ки муборизаи мо бо торикӣ ва ишғол ҳеҷ гоҳ қатъ нашудааст ва шабурӯз идома дорад.
Вай таъкид кардааст, ки шаби 21-уми январ уқоби кӯҳистонии вилояти Балх, фармондеҳ Абдулқодир, маъруф ба фармондеҳ Ҷамшеди Кӯҳистонӣ, дар набардҳои як ба як ва нобаробар бо ҳашт нафари дигар дар рустои Бохтари шаҳристони Кушандеҳи Балх кушта шуд.
"Баъд аз ин толибон вориди хонаҳои мардуми маҳаллӣ шуда, даст ба шиканҷаи сокинони деҳаҳо шуда ва Ҳоҷӣ Меҳрулло, як сокини осоишта ва яке аз пирони Кушандеҳи Балх буд, бо писари ин хонавода, арӯси ҷавон ва кӯдаки навзодаш куштаанд", - навиштааст сухангӯи ҷабҳа.
Ба навиштаи ӯ, ин хонавода ба бераҳмии ғайри қобили тасаввур кушта шудаанд, ки мисоли равшани ҷиноятҳои густурдаи толибон алайҳи башарият аст, ки беҷавоб нахоҳад монд.
Ҷабҳа ҳушдор додааст, ки дар замон ва макони муносиб ба ин амалкардҳо посухи сахт хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, як рӯз қабл Вазорати дифои толибон толибон аз кушта шудани шудани ҳашт ҷангии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва он ҳам дар вилояти Балх хабар дод.
Толибон гуфтаанд, ки аз размандагони ҷабҳа, 1 пулемиёт, 1 рокет-7 ва 6 автомати "Калашников"-ро ғанимат гирифтаанд.
Дар пайи ин набардҳо дар Балх, миёни муқовиматгарон бо толибон дар Панҷшер даргирии шадид сурат гирифтааст.
Мавриди зикр аст, ки толибон бори нахуст расман эътироф карданд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури физикӣ дорад. Қаблан онҳо иддао доштанд, ки ҷанг хотима ёфтаву ҷангҳои муқовиматгарон танҳо дар сафаҳоти интернетӣ аст.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.