Борону барф ва 42 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа сард, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа сард, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 14-19 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Ҳуҷуми сардиҳо: тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳат чӣ гуна ҳаво интизор аст
Осмони Хатлон низ абрнок мешавад ва борону барф мебораду меҳ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо меҳ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ мешавад, борону барф меборад ва тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.