ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Танҳо дар як рӯз қурби рубли русӣ боз дар баробари пули тоҷикӣ як сомонӣ поин рафт.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло 1000 рубл дар бозори арзи кишвар 148 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 149 сомонӣ медоданд.
Қурби рубл ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳалати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8153 сомонӣ медиҳанд.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8176 то 13.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1482 то 0.1490 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.