Толибон нахустин бор аз набард бо Ҷабҳаи муқовимат ва кушта шудани 8 тан гуфтанд

Вазорати дифои толибон гуфт, ки ҳашт тан аз ҷангиёни Ҷабҳаи муқовиматро куштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Толибон бори нахуст расман эътироф карданд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури физикӣ дорад.
Вазорати дифои толибон толибон аз кушта шудани шудани ҳашт ҷангии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва он ҳам дар вилояти Балх хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷангҳо миёни толибон ва муқовиматгарон шаби 20 ба 21 январ сурат гирифтааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Толибон гуфтаанд, ки аз размандагони ҷабҳа, 1 пулемиёт, 1 рокет-7 ва 6 автомати "Калашников"-ро ғанимат гирифтаанд.
Дар аксҳои нашршуда панҷ ҷасад нишон дода шудааст, дар ҳоле ки дар онҳо ягон унсури мусаллаҳӣ ва ё яроқ ҳамроҳашон дида намешавад.
Дар ин бора ҳоло Ҷабҳаи муқовимаи миллӣ назарашро нагуфтааст.
Суҳбати президенти собиқи Фаронса бо Масъуд: Олланд гуфт, ӯро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад
Ёдовар мешавем, дар гузашта толибон ҳамвора таъкид мекарданд, ки ҷанг хотима ёфтааст ва ҳузури ҷабҳаро дар Афғонистон рад мекарданд ва мегуфтанд, он танҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд.
Аммо бо гузашти шаш моҳи ҳукуматдорӣ онҳо нахустин бор аз набард бо Ҷабҳаи муқовимат хабар доданд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Толибон аз Чин хоҳони кумак барои ба расмият шинохтанашон шуданд
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Ҳуҷуми Ҷабҳаи муқовимат болои толибон дар Панҷшер - видео
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.

Ду музокираи бенатиҷаи толибон бо Масъуд

Дар оғози созмонёбии ҷабҳа толибон бо он вориди гуфтугӯ шуданд, аммо ба натиҷае нарасиданд.
Пас аз шаш моҳи муборизаҳо дар оғози моҳи ҷорӣ бо миёнҷигарии Эрон дар Теҳрон дидори вазири корҳои хориҷии толибон ва Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон доир гардид, ки гуфта мешавад ҷонибҳо ба натиҷаи мушаххас нарасидаанд.
Намояндагони толибон гуфтанд, ки аз Аҳмад Масъуд хостаанд, ба Афғонистон баргардад, касе ба ӯ кор надорад, аммо ҷабҳа мегӯяд дар ин дидор мавзуоти мухталиф баррасӣ шуд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Русия омодааст, барои музокироти толибон бо Ҷабҳаи муқовимат замина фароҳам кунад
Гуфта мешавад, дар ин нишаст шартҳои асосии ҷабҳа роҳандозии интихоботи мардумӣ ва озодии занон будааст, ки толибон ба он розӣ нашудаанд.
Маскав низ аз ин дидор истиқбол кард ва гуфт, ки омода аст, барои дидори навбатии намояндагони толибон бо Ҷабҳаи муқовимат минбар диҳад.
Ахиран расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки Эрон барои роҳандозии дубораи ин муколама барномаеро омода дорад.

Пешгӯии ҷангҳои баҳорӣ ва умеди бозпасгирии қудрат

Ҳарчанд толибон дар бораи хатми ҷанг ва таъмини амният дар саросари Афғонистон ҳарф мезананд, коршиносони низомӣ мавҷудияти ҷабҳаҳои ҷанги зидди толибонро як хатари ҷиддӣ ба ояндаи ҳукмронии ин гурӯҳ медонанд.
Ахиран масъули равобили байналмилалии Ҷабҳаи муқовимат Алӣ Майсам Назарӣ гуфт, ки толибон заифу беназм шудаанд, мо қудратро дубора ба даст меорем ва барои ин амалиётҳои густурда сар аз баҳор оғоз хоҳанд шуд.
Қаблан низ коршиносон тасдиқ карда буданд, ки бинобар фасли зимистон амалиётҳо зиёд ба назар намерасанд, аммо бархӯрдҳои шадиди миёни ҷабҳа ва толибон дар баҳор оғоз мешаванд.
Толибон пас аз ҳуҷуми ҷабҳа ба кофтукови манзилҳои панҷшериён пардохтанд
Ҳамзамон аксари низомиёни қаблии хукумат дар камингоҳҳоянд, ки баҳор аз худ дарак хоҳанд дод.
Генерал Фарид Аҳмад, раҳбари нерӯҳои вижаи ҳукумати Ғанӣ ахиран гуфта буд, ки соли 2022 таҳаввулоти бузурге хоҳад шуд.
Суханони Фарид Аҳмадро коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар "Telegram-канал"-аш нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, омодагии низомии ҷабҳа дар ҳоли худ қарор дошта, корҳо дар умури сиёсӣ низ барои таҳияи барномаи мушаххас хуб пеш мераванд.