ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 4,3 миллион нафар аз аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ то 20 январи соли 2022 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар бар зидди шакали нави коронавирус моякӯбӣ шуд, ки 75,6 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми ваксинаро 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар ё 63,1 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аллакай эмкунии такрорӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст.
Гирифтани вояи сеюми ваксина аз кормандони соҳаи тиб оғоз шуд.
То кунун тақрибан 2,3 ҳазор табиб алайҳи коронавирус вояи сеюмро гирифтааст. Пас аз табибон шаҳрвандони аз 60-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи иловагии дору барои COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Раисҷумҳури кишвар низ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ бо ишора ба мавҷи нави бемории сироятии корона супориш дод, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ бояд вусъат дода шавад.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаҳои зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.