ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар номаи шодбошӣ ворид шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳур, президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ дар номаи шодбошии худ изҳор кардааст, ки бовари дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Раҳмон барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт.
"Итминон дорам, ки бовари дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Шумо — Ҷаноби Олӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт", - омадааст дар хабар.
Сингҳ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё хонда, изҳор кардааст, ки аз нав интихоб шудани Раҳмон ба ин мақом ин дӯстиро мустаҳкамтар мегардонад.
Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба Эмомалӣ Раҳмон дар корҳояш барору комёбӣ таманно кардааст.
Ёдовар мешавем, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт.
Мувофиқи оинномаи кумита, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2022-2024) президенти КМО интихоб шудааст.
Номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, ӯ бидуни зиддияти касе ба ин симмат интихоб гардидааст.