Сафорат 38 тоҷикистонии дармонда дар Схинвалиро ба Ватан баргардонд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баргардондани шаҳрвандони дармонда дар шаҳри Схинвалӣ мусоидат кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Гурӯҳи 38-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Осетияи Ҷанубӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шаҳрвандони мазкур ба далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус ва дигар сабабҳо дар шаҳри Схинвалӣ банд монданд.

"Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд. Сафорат кӯшиш мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат кунад", - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, моҳи октябри соли гузашта низ гурӯҳи 18-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Схинвалӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуд.
Чунин ҳолатҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон қаблан низ рух дода ва махсусан дар шароити пандемия чунин муроҷиатҳо аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфта буданд.
Ба муҳоҷирон иҷоза шуд, то дар дармонгоҳҳои кӯдакона аз муоинаи тиббӣ гузаранд
Дар бисёре аз ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазитон мераванд, вале зимни бозгашт дар сарҳад дучори мушкил мешаванду дармемонанд. Бо ин ҳол бо мусоидати сафорат дар чанд ҳолат долони транзитӣ барои бозгашти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон ба Ватан ташкил шуда буд.