Русия бо се кишвари дигар мехоҳанд, "тақдир"-и Афғонистонро ҳал кунанд

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, тамоми талошҳо барои анҷоми муваффақи раванди сулҳ байни афғонҳо ва ташаккули ҳукумати воқеан фарогир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Интизор меравад, моҳҳои январ - феврали соли равон Русия, Чин, Амрико ва Покистон ҷаласаи навбатияшонро ба хотири ҳалли масъалаи Афғонистон баргузор кунанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия хабар додааст.

"Русия бо Покистон дар масъалаи Афғонистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби механизмҳои бисёрҷониба, аз ҷумла сегонаи васеъ ва формати машваратҳои Маскав дар робита ба Афғонистон ҳамкорӣ мекунад", - қайд кардааст вазорат.

Ин ниҳод зикр намуд, ки моҳҳои январ-феврал маҷлиси навбатии сегонаи васеъ ба нақша гирифта шудааст, вале ҳоло макони баргузории он дақиқ нест.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатӣ қабл аз ҳама анҷоми муваффақи раванди сулҳи дохили Афғонистон ва ташаккули ҳукумати воқеан фарогир дар ин кишвар, ки манфиатҳои тамоми қувваҳои асосии этникӣ-сиёсиро инъикос мекунад, арзёбӣ шудааст.
Русия боз як бастаи дигари кумаки башардӯстона ба Афғонистон равон кард
Вазорат умури хориҷии Русия Покистонро яке аз бозигарони калидии минтақаӣ медонад, ки ба равандҳои дар Афғонистон ҷараёндошта таъсири назаррас дорад.
Толибон пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳои мусаллаҳаш аз ин кишвар дар баҳори соли 2021 амалиёти густурда барои истиқрори назорат бар Афғонистонро оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Феълан ҳеҷ як кишвар ҳукумати муваққати толибонро ба расмият нашинохтааст.