Русия барои таъмини ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ду миллион доллар медиҳад

Русия барои дастгирии барномаи ғизои мактабӣ, харидории маҳсулот барои ду ҳазор муассисаи Тоҷикистон саҳми молӣ ҷудо мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Русия дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ барои дастгирии барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон саҳми иловагӣ ҷудо мекунад.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар ҷумҳурӣ Адҳам Мусаллом зимни нишасте дар Душанбе хабар доданд.
Қарор аст, кумак дар ҳаҷми ду миллион долларро ихтисос дода шавад. Тамоми маблағ барои бо хӯроки гарм таъмин кардани қариб 2000 мактаби ҷумҳурӣ сарф мешавад.
"Ғамхорӣ баҳри насли навраси Тоҷикистони дӯст яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мост. Русия аллакай беш аз 82 миллион долларро барои барномаи ғизои мактабӣ дар ин ҷумҳурӣ дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ, ки кишварҳои моро 30 сол боз бо ҳам мепайвандад, ҷудо намудааст", - гуфт Лякин-Фролов.
"Ман хондам, ту ҳам бихон"! Мактаббачаҳои рус ба ҳамтоёни тоҷикашон китоб фиристоданд
Адҳам Мусаллам ҳамчунин афзуд, ки ин саҳм "барои мактаббачаҳои тоҷик хеле саривақтист".

"Барномаи мазкур барои таъмини кӯдакон бо ғизои солим ба рушду инкишофи онҳо мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.

Бар иловаи ин пуштибонӣ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дигар кумакҳои фаннӣ низ расонида мешавад.
Гуфта мешавад, барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин тарҳи Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 ба ин сӯ аз сӯи Русия маблағгузорӣ мешавад.
Дар доираи ин барнома хонандагони синфҳои 1-4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Танҳо соли 2021 муассисаҳои таълимии кишвар қариб ҳафт ҳазор тонна хӯрока гирифтанд. Ин имкон дод, ки қариб 440 ҳазор нафар мактаббача бо озуқа таъмин шаванд.
Баррасии таъмини ғизои мактабӣ барои муҳассилин дар Хатлон: аз боғи худӣ то гранти хориҷӣ
Барномаи ғизои мактабӣ ба навсозии инфрасохтори мавҷуда низ мусоидат мекунад. Дар доираи ин барнома аллакай 50 ошхонаи мактабҳо таъмир ва аз нав сохта шуд.
Дар ин замина ҳамчунин нуҳ гармхона, панҷ нонвойхонаи байнимактабӣ ва як комбинати хурокворӣ кор мекунад. Боз ҳафт нонвойхонаи хусусӣ низ ба мактабҳо хидмат мерасонанд.
Ёдовар мешавем, аз соли 2013 Федератсияи Русия барои ғизои мактаббачагон беш аз 82 миллион доллар ҷудо кардааст. Аз ин шумор 54 миллион доллар ба ғизо ва беш аз 28 миллион доллари дигар барои такмили инфрасохтор сарф шудааст.