Қатъи парвандаи ҷавони тоҷике, ки табибро барои муоинаи занаш кӯфт

Ҷонибҳо созиш кардаанду парванда алайҳи ҷавони муттаҳам дар латукӯби табиб қатъ гардидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Додгоҳи шаҳри Нижневартовск парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини Ханти-Мансийкро, ки табибро барои муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш латукӯб карда буд, қатъ намуд
Қатъи парванда алайҳи ҷавони муттаҳам дар латукӯби табибро додгоҳ таъйид кард, навиштааст РИА "Новости".

"Парвандаи ҷиноӣ ба далели созиши тарафҳо қатъ гардид", - изҳор доштааст мусоҳиби хабаргузорӣ дар додгоҳ.

Парвандаи марди 30-солаи тоҷик, ки 9 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, тирамоҳи соли гузашта ба додгоҳ ирсол шуда буд. Ӯ дар авбошӣ бо истифодаи зӯрӣ айбдор мешуд,
Бар асоси видеое, ки қаблан мақомоти тафтишотӣ нашр карданд, муттаҳам дар латукӯби табиб узрхоҳиро рад карда, гуфтааст, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки қобили қабул нест.
Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео
Инчунин бар асоси видеои бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, берун аз салоҳияти пизишк мебошад.
Расонаҳо аз пизишки ҷабрдида дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурдаанд. Ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯшро, ки ҳамсари марди муттаҳам будаст, муоина намудааст. Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст.
Мақомот мегӯянд, феълан ҷонибҳо созиш карда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳолат қатъ гардидааст.