Лавров хост, Украинаро водор созанд, то созишҳои Минскро иҷро намояд

Украина аз мавзуъҳои меҳварии музокироти вазири умури хориҷии Русия бо котиби давлатии ИМА буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сергей Лавров дар мулоқот бо мақомдорони ИМА бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад.
Ба навиштаи РИА "Новости", вазири умури хориҷии Русия изҳор намуд, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.

"Истисно намекунам, ки ин воҳимаи шарикони ғарбӣ, агар ба такон додани мақомоти Украина ба истифодаи нерӯ равона нашуда бошад, ҳадди ақал пуштибонӣ намудани Киев дар сарфи назар кардани созишҳои Минск мебошанд", - гуфт вазир.

Вай афзуд, бори дигар даъват кардааст, ки ба мақомоти Украина таъсиррасонӣ сурат гирад, то созишномаҳои Минскро иҷро кунанд.
"Борҳо гуфтаем, ки низоми Киев танҳо ба фитаангезӣ бо истифода аз пуштибонии сармоягузорони ғарбияш машғул аст. Вақте ин дағдағаҳои русбезорӣ қатъ мешаванд, корношоямии ин режим маълум хоҳад шуд", - таъкид намуд Лавров.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Лавров ба Блинкен аз замонатҳои амниятӣ гуфт
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.