ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дмитрий Песков изҳори умедворӣ кард, ки эътирофи ваксинаи русии зидди коронавируси "Спутник V" аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.
"Мо умедворем, ки ин дар ояндаи наздик эътироф мешавад. Кор бо ин созмон идома дорад... Аз ин рӯ мо умедворем, ки дар ояндаи наздик ин кор сурат мегирад", - чунин посух дод Песков ба савол дар бораи эътирофи ваксина.
Дар идома сухангӯи президенти Русия зикр намуд, ки таъсири "Спутник V" алайҳи штамми нави коронавирус - омикрон собит шудааст.
Қаблан олимони Маркази ба номи Гамалея изҳор карда буданд, ки ваксинаи русии "Спутник V" фаъолнокии штамми омикрони коронавирусро дар қиёс бо доруи "Pfizer" ду баробар камтар мекунад.
"Ваксинаи "Спутник V" як титри масунияти безараргардонии вирусро ба штамми омикрон (B.1.1.529) дар муқоиса бо ду вояи ваксинаи "Pfizer" (умумӣ 2,1 маротиба ва 2,6 маротиба зиёдтар - се моҳ пас аз ваксина) нишон дод", - гуфта шуд дар баёнияи матбуотӣ пас аз як таҳқиқоти муштарак бо Институти миллии бемориҳои сироятии Итолиё "Lazzaro Spallanzani".
Илова бар ин коршиносон ба хулосае омаданд, ки истифодаи "Спутника лайт" ҳамчун муқаввӣ масуниятро бар зидди омикрон то дараҷае афзоиш медиҳад, ки дар робита ба муҳофизат аз шиддати аслӣ бо "Спутник V" муқоиса карда мешавад.
Пажуҳишгарони рус ва итолиёӣ инчунин қайд мекунанд, ки истифодаи "Спутник Лайт" ҳамчун як қисми якҷояи ваксинаҳо беҳтарин роҳи баланд бардоштани самаранокии онҳо ва тамдиди муҳлати муҳофизат аст.