Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Иммунолог нахустин аломатҳои гирифтории кӯдакон ба штамии омикронро номбар кард

Иммунолог қайд кард, дар кӯдакон вақти ба штамми омикрон сироят шудан на ҳама вақт аломатҳои муқаррарии COVID-19 мушоҳида мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тағйир ёфтани рафтори кӯдак ва рад кардани афзалиятҳои маъмулӣ метавонад аввалин аломати сироятёбӣ ба штамми омиронии коронавирус бошад, гуфт иммунолог Николай Крючков ба рӯзномаи "Вечерняя Москва".
Аломатҳои маъмулии COVID-19, ба монанди табларзаи баланд ва сулфаи шадид на ҳамеша дар кӯдакони гирифтори ин штамм мушоҳида мешавад, гуфт ӯ.

"Кӯдак ба суолҳо суст ҷавоб медиҳад. Бояд ба фаъолии кӯдак диққат дод. Надоштани хоҳиши бозӣ ва кам шудани иштиҳо метавонанд аз нахустин аломатҳои зуҳури ин вирус дар организми кӯдак бошад", - тавзеҳ дод Крючкова.

Табиб қайд кард, ки ҷараёни бемории омикрон дар кӯдакон метавонад бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ ва дарди шикам ҳамроҳ бошад.
Қаблан ин пизишк изҳор карда буд, ки вируси омикрон эҳтимол ҳолатҳои фавт миёни кӯдакони то синни сесоларо афзоиш диҳад. Мутахассис ҳамчунин илова намуд, ки аз омикрон бештар пирон ва нафароне, ки гирифтори бемориҳои музмин ҳастанд, фавт мекунанд.
Вазъи вахим: донишгоҳу мактабҳои Ӯзбекистон ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд
Штамми омикронии коронавирус ё B.1.1.529 дар моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин вирус афроди ваксинагирифта ва ҳамчунин нафароне, ки қаблан ҳам гирифтори коронавирус шудаанд, сироят мекунанд.
Дар Тоҷикистон расман ин беморӣ сабт нашудааст, вале миёни мардум бемории шадиди роҳҳои нафас, дарди гулӯ ва бемадорӣ авҷ гирифтааст. Табибон мегӯянд, ин танҳо зукоми мавсимӣӣ аст ва дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавиус сабт нашудааст