Аҳмадзода ба Исфара рафт: сангборони “КамАЗ” аз сӯи қирғизҳоро ба баррасӣ мегузорад

Раиси вилояти Суғд барои арзёбии вазъи марз ва мулоқот бо намояндагони Қирғизистон ба Исфара рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Раиси вилояти Суғд барои баррасии вазъи марз ба шаҳри Исфара сафар кардааст.
Дар бораи ин сафари Раҷаббой Аҳмадзода, манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Ба эҳтимоли зиёд Аҳмадзода аз ҷамоати Ворух дидан намуда, дар ин асно рухдоди ҳодисаи сангзании мошини “КамАЗ”-и сокини Чоркӯҳ аз сӯи қирғизҳоро бо масъулони вилояти Ботканд мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод”, - гуфт манбаъ.

Ахиран дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд рӯзи 20 январ як муноқиша сар зад.
Насруллобек Асламов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ вақте савори “КамАЗ” аз Ворӯх ба Чоркӯҳ ҳаракат мекард, дар ҳудуди маҳаллаи Оқсой як гурӯҳ қирғизҳо пеши роҳаш баромада, мошинашро сангборон ва худи ӯро латукӯб намудаанд.
Дар пайи ин ҳодиса, ки баъд аз зуҳри рӯзи 20 январ рух додааст, шишаҳо ва чароғи равшанидиҳандаи мошин шикаставу пора шудаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баҳси марзӣ: қирғизҳо “КамАЗ”-и сокини Исфараро сангборону ронандаро латукӯб кардаанд
Рухдоди ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
“Асламов Насруллобек Султонбекович, сокини ҷамоати Чоркӯҳ бо мошини худ ба Ворӯх маводи озуқаворӣ мекашонд, вале дар роҳ як гурӯҳ қирғизҳо монеъаи ҳаракати “КамАЗ” гардида ба сангпартоӣ машғул шуда, ба ронанда низ ҳамла кардаанд. Хушбахтона ба Асламов осеби ҷиддӣ нарасидааст”, - иброз намуд, Шомадов.
Зимнан ин муноқишаи аввалин дар соли 2022 гуфта мешавад. Соли қаблӣ борҳо дар марзи миёни Исфара ва Ботканд баҳсу муноқишаҳои марзӣ рух дода буданд.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Сафари Аҳмадзода ба Исфара баъд аз тирпаронии шаби гузашта
Зубайдулло Шомадов, рӯзи 21 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи марз бо Қирғизистонро ором арзёбӣ намуд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.