Роҳи Душанбе - Чаноқ аз ҳар ду самт кушода шуд

Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки аз субҳи барвақти 20 январ масдуд буд, баъди зуҳри имрӯз боз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ширкати IRS, масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ аз оғози ҳаракат дар ин масир хабар дод.
Ширкат баъди зуҳри 20 январ бо нашри як иттилоия гуфт, паёмадҳои тарма дар ин масир бартараф гардида, феълан ҳаракат аз ҳар ду самт имконпазир мебошад. Ба ронандагону мусофирон барои даркашон сипосгузорӣ шудааст.
Масири Душанбе - Чаноқ, ягона роҳе, ки пойтахтро ба шимоли мамлакат васл мекунад, аз соати 3-и субҳи 20-уми январ баста буд. IRS ҳадафи роҳбандиро бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш хонд.
Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии шадиду тармафароӣ ва сангрезӣ
Маҳдудияти ҳаракат дар ин масир тайи се рӯзи охир ҷой дошт. Аз ҷумла 19 январ, баъди роҳбандии чандсоатӣ ҳаракати яксамта дар роҳи Душанбе - Чаноқ бо фосилаи 2 соат аз ҳар ду ҷониб иҷозат дода шуд.
Масъулини ширкати роҳбон мегӯянд, вазъ дар минтақаи километри 48 ва 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ нисбатан мураккаб буда, бориши барф ва тармафароӣ дар он ҷо бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ низ хабар дод, ки дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ҳамоно хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.