Нуздаҳ варзишгари тоҷик ба Тошканд сафар карданд

Тақвими мусобиқаи бокс дар соли ҷорӣ бо баргузории Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22 - сола оғоз мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Рӯзҳои 21-30 январ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бори аввал Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Ӯзбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия иштирок мекунанд. Дар умум иштирокчиёни мусобиқаи мазкур аз 16 кишвар хоҳанд буд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафарбар гардиданд:
Шаббос Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ҳарифи олмонияшро шикаст дод: видео
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов, Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев барои ҳакамии муҳорибаҳо ба ин мусобиқа даъват шудааст.

Пас аз санҷиши дархостҳои иштирок, ҷаласаи техникӣ ва қуръакашии расмӣ, маросими ифтитоҳи мусобиқа 21 январ баргузор мешавад. Рӯзи аввали мусобиқа 22 январ ва финал дар ду рӯз – 28 ва 29 январ ба нақша гирифта шудааст.