ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо муҳассилини Донишгоҳи миллии кишвар таъсиси Маркази миллии протсессингиро ҷузъи муҳими ислоҳоти институтсионалӣ хонд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, Нуралиев дар ин мулоқот аз таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ гуфта, илова намудааст, ки истифода аз ин усул дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ба гуфтаи Нуралиев, мақсади ин иқдом таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, ноиби раиси Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки бо фаъол шудани Маркази протсессингӣ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуд.
"Рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш дода шуд", - шарҳ дод ӯ.
Нуралиев илова намуд, ки Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 миллион адад ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд. Дар маҷмуъ шумораи кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон феълан 3,5 миллион ададро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Маркази миллии протсессингӣ дар Тоҷикистон аз охири соли 2019 ба фаъолият шуруъ карда, феълан низомҳои интиқоли маблағҳо танҳо баъди пайвастан ба он метавонанд ба интиқоли маблағ дар кишвар машғул шаванд.