ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Ҷайҳун хабар дод, ки баъди зуҳри 19-уми январ рух додааст.
Ба иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Форланд", сокини 33-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагари хурдсолро зер намудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа писарчаи шашсола, ки сокини ноҳияи Ҷайҳун будааст, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ин ҳодиса таҳқиқот мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бо қарори мақомот дар шаҳри Душанбе Соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон гардид, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз фоҷиа дар роҳҳои кишвар арзёбӣ шуд.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.