Уфти евро пас аз болоравӣ: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубл каме боло рафтаву аз евро бошад, дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 148 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 147 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол боз поин рафта, дар ҳолати шинокунанда қарор дорад.
Ҳоло бозори арзи кишвар як евро 12.8176 сомонӣ қимат дорад. Рӯзе қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.8718 сомонӣ медоданд.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафт.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Доллар бад аст: ду асъоре, ки бояд фавран аз ҳамён берун партофта шаванд
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8176 то 13.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1482 то 0.1490 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.